Апрел 17, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон дар аввали моҳи май оғоз мешавад
    хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон дар аввали моҳи май оғоз мешавад

Вазири умӯри хориҷаи Амрико як рӯз пас аз изҳороти раиси ҷумҳӯри ин кишвар дар бораи хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ногаҳонӣ ба Кобул сафар ва бо мақомоти Афғонистон дидору гуфтугӯ кард .

  Муҳаммад Ашрафғанӣ,раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Энтони Блинкен-вазири умӯри хориҷаи Амрико дар Кобул, зимни истиқбол аз эъломи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон гуфт : Давлати Кобул талош хоҳад кард, ки дар раванди хурӯҷи ин низомиён ҳамкории лозимро анҷом диҳад .

   Ашрафғанӣ ҳамчунин таъкид кард мардуми ин кишвар пуштибони нерӯҳои амниятӣ ва дифоии худ ҳастанд .

  Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳам дар дидори вазири хориҷаи Амрико аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз кишвараш истиқбол кард.

  Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико чаҳоршанбешаб дар як нишасти хабарӣ гуфт : Раванди хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон дар аввали моҳи май оғоз мешавад ва то 11 сентябри соли ҷорӣ дар бистумин солгарди ҳузури Амрико низ ба таври комил аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд .

  Ончи ошкор аст инки суханони Байден барои ақибнишинии нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон бо вокуниши мусбати мардум ва давлатмардони Афғонистон рӯ буру шудааст . Хурсандии миллату давлати Афғонистон аз хурӯҷи низомиёни ғарбӣ аз ин кишвар дар шароите аст, ки яке аз хостаҳои аслии мардуми Афғонистон аз давлатмардони ин кишвар хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико аз кишварашон аст . Аммо то кунун ғарбиҳо ба хусус давлати Амрико ба баҳонаҳои мухталиф зимни сарпечӣ аз ин хостаи мардуми  Афғонистон ба ду даҳа  ишғолгарии худ дар ин кишвар идома доданд .

   Таъини замони хурӯҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон аз сӯи Байден дар ҳоле аст, ки аз манзари бисёре аз дипломатҳо ва коршиносон  сиёсатҳои давлати Амрико пас аз бист сол ишғолгарӣ дар Афғонистон шикаст хурдааст .

  Патрик Армстронг-дипломати собиқи Канада дар ин бора мегуяд : " Давлати Ҷо Байден ва нухбагони сиёсии Амрико бояд дарк кунанд, ки ин кишвар дар ҷанги 20 сола шикаст хурдааст ва аз талош барои эҷоди як кишвари муттаҳиду мутеъ дар Афғонистон ноком мондааст."

   Том Кол-намояндаи маҷлиси Амрико ҳам дар ин бора мегуяд : Хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар шароити феълӣ ба ҷои қудрат, нишонаи заъфи Амрико хоҳад буд ва дар ниҳоят мунҷар ба ҳамалоти бештар ба амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон хоҳад шуд " .

    Дар маҷмӯъ бояд гуфт то кунун давлати Амрико барои хурӯҷи сарбозони худ аз Афғонистон пешшартҳоеро матраҳ мекард, аммо дар ҳоли ҳозир Кохи сафед эълом карда, ки Байден барои хурӯҷи низомиёни ин кишвар пешшартӣ надорад .

  Он чи рушан аст аз замони ишғоли Афғонистон  мардуми ин кишвар дар бист соли гузашта шоҳиди ҳузури чаҳор раиси ҷумҳӯр дар Кохи сафед буданд . Аз Буши писари ҷумҳӯрихоҳ гирифта то Байдени демократ ва дар ин муддат изҳори назарҳои мухталиферо аз забони раисони ҷумҳурии Амрико дар бораи хурӯҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон шуниданд .

  Ба ин тартиб ҳамвора раисони ҷумҳурии Амрико ба истилоҳ бо иддиои ҳимоят аз мардуми Афғонистон ишғолгарии худро дар ин кишвар асоснок кардаанд . Бо ин пешина бисёре аз нозирони сиёсӣ изҳороти Байден дар бораи хурӯҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистонро бо дидаи шакку тардид менигаранд. Ин тардидҳо дар ҳоле аст, ки амрикоиҳо ба иқрори хеле аз нозирони сиёсӣ дастоварди қобили арзише дар Афғонистон ба даст наёварданд . Афзун бар ин агар бист сол пеш давлати Буш ба баҳонаи аз байни бурдани Толибон ва ҷараёни ифротгароӣ ба Афғонистон лашкаркашӣ кард, дирӯз Трамп ва имрўз Байден барои ақибнишинии обрӯмандона аз Афғонистон пушти мизи музокира бо Толибон нишастааст . Табиӣ аст ин рафтори дугонаи мақомоти Амрико дар ҳофизаи торихии миллате, ки сарзамини анҳо ба гӯристони императориҳо шӯҳрат дорад, пок нахоҳад шуд .

 

     Бештар бихонед :

 

Барчасп