Апрел 19, 2021 15:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таниш миёни Украина ва Русия, сабаби мудохилаи беш аз пеши Амрико шудааст
    Афзоиши таниш миёни Украина ва Русия, сабаби мудохилаи беш аз пеши Амрико шудааст

Бо афзоиши танишҳои сиёсӣ миёни Русия ва Украина, ҷанги дипломатӣ низ миёни онон ташдид шудааст ба тавре, ки таи рӯзҳои гузашта сафирони Русия аз Киев ва Варшава ихроҷ шуда ва дар муқобил сафирони ин кишварҳо низ хоки Русияро тарк кардаанд.

Созмони амнияти федерали Русия рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, ки маъмурони ин созмон Александр Сусониук, сарконсули Украина дар Санкт-Петербургро ҳайни дарёфти иттилоот дар бораи атбои Русия дастгир кардаанд, Вазорати хориҷаи Русия ҳузури Сусониук дар ин кишварро номатлуб хонд ва аз вай хост, то аз рӯзи 19 апрел зарфи 72 соат хоки Русияро тарк кунад.

Вазорати хориҷаи Украина низ боздошти консули ин кишвар дар Санкт-Петербургро иқдоми муғойир бо қавонини байналмилалӣ ва Конвенсияи равобити дипломатии Вена хонд ва зимни интиқод аз ин амали Русия, як дипломати ин кишварро ихроҷ кард.

Ин иқдомот дар ҳоле сурат гирифт, ки Русия ба тозагӣ 10 дипломати амрикоӣ ва 5 дипломати полшавиро низ аз ин кишвар ба ҷурми ҷосусӣ ва эҷоди тафриқа, ихроҷ кардааст.   

Давлати Байден, раисҷумҳури Амрико расман ҳимояти худро аз Украина дар баробари Русия эълом кардааст, чунонки раисҷумҳури ҷадиди Амрико чанде пеш дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои украиниаш, ҳимояти қотеи худ аз тамомияти арзии Украина дар мувоҷеҳа бо Русия дар Донбасс ва Қрим хабар дод.

Андрей Мелник, сафири Украина дар Олмон дар ин замина гуфт: Украина ё бояд бахше аз иттиҳоди НАТО бошад ё танҳо гузина барои ин кишвар тақвияти силоҳҳояш аз ҷумла фикр кардан ба силоҳи ҳастаист.  

Ин шароит дар ҳолест, ки таҷрубаи таърихӣ нишон додааст, ки дар чунин муноқишоте Амрико танҳо бо таҳрики кишварҳо дар ростои манофеи худ амал карда ва дар сурати ҳаргуна ҷанг муттаҳидони худро танҳо мегузорад.

Шаиб Баҳман, коршиноси масоили байналмилал дар ин замина гуфт: Кишварҳои аврупоӣ бояд муроқиб бошанд, вориди ин бозии Амрико нашаванд ва тасаввур накунанд, ин бор амрикоиҳо тамомқад аз онҳо ҳимоят хоҳанд кард, чун амрикоиҳо ба иқтизои манофеи худашон амал мекунанд ва мумкин аст, дар як базангоҳ ҳимояти худашон аз Украина ё ҳатто аз кишварҳои аврупоиро коҳиш бидиҳанд.

Ба назар мерасад, барои ҳалли буҳрон ва поён додан ба ин муноқиша, анҷоми музокирот метавонад оромиш ва амнияти нисбиро дар ин минтақа барқарор намояд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп