Навалний, баҳонаи афзоиши фишори Амрико ба Русия
(last modified Tue, 20 Apr 2021 05:18:06 GMT )
Апрел 20, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Навалний аз дастгирии васеъи Ғарб бархурдор аст
    Навалний аз дастгирии васеъи Ғарб бархурдор аст

Амрико ва аврупо муддатҳост бо дахолат дар умури дохилии Русия ба баҳонаҳои мухталиф дар садади афзоиши фишор ба Маскав дар ростои сиёсатҳои худ ҳастанд. Дар охирин иқдом, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо фишор болои Русияро дар мавриди вазъи саломатии ҷисмонии Алексей Навалний афзоиш доданд ва мушовири амнияти миллии Байден ба Маскав ҳушдор дод.

Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфт; Гузоришҳо дар бораи саломатии мунаққиди Путин Навалний дар зиндон босуръат коҳиш меёбад; Марги ӯ барои Русия оқибатҳо хоҳад дошт.

Парвандаи навалний муддатҳост ба яке аз меҳварҳои аслии таниши миёни Русия, Аврупо ва Амрико табдил шудааст. 

Навалний аз муҳимтарин мухолифони Путин маҳсуб мешавад ва аз довталабони ширкат барои номзадии интихоботи раёсати ҷумҳурии 2018 Русия буд, ки ба хотири маҳкӯмияти қаблӣ аз номзадӣ дар интихобот манъ шуд. 

Вай тайи солҳои ахир, ҷараёни мухолифи Путинро дар Русия ҳидоят кардааст ва аз ҳимоятҳои густардаи ғарб бархӯрдор аст; ба тавре, ки чанде пеш ( августи 2020 ) мавзӯи масмумияти вай ба дастовезе барои давлатҳои аврупоӣ табдил шуд ва онҳо муддаӣ шуданд, ки Русия бо истифода аз як навъи гази аъсоби бо номи  "Новичук"   вайро дидаву дониста заҳролуд кардааст, ки ин иттиҳомро Маскав шадидан рад кардааст.

Ин мавзӯ сабаб шуд то кишварҳои аврупоӣ зимни мавзеъгириҳои шадид алайҳи Русия ин кишвар бо эъмоли таҳримҳои мухталиф  таҳти фишор бигузоранд, дар ин росто таҳримҳои Амрико низ алайҳи Русия шиддат ёфт. 

 Бо бозгашти Навалний ба Русия бори дигари танишҳо афзоиш ёфт. Вай дар фурудгоҳ ба иттиҳоми нақзи муқаррароти марбут ба муҷозоти таълиқии худ боздошт шуд ва аз он замон хабарҳои мутафовите аз шароити ҷисмии вай мунташир шудааст. Навалний дар ҳоле ба дастовезе барои кишварҳои ғарбӣ ва Амрико барои дахолат дар умури дохилӣ ва фишор бар Русия табдил шудааст, ки мақомоти Маскав ҳамвора нисбат ба ин иқдомот ва табаоти он дар равобит миёни кишварҳо ҳушдор додаанд. 

 

 Вазорати хориҷаи Русия дар ин замина ҳушдор дод: Мо борҳо ва борҳо ҳушдор дода ва собит кардаем, ки таҳримҳо ва фишорҳо на танҳо бефоида аст, балки авоқиби фоҷеабореро барои касоне, ки дар мавриди чунин таҳрикоте тасмим мегиранд низ ба дунбол хоҳад дошт.   
 

 Дар воқеъ ҷанг миёни Амрико ва Русия мудатҳост шиддат ёфтааст ва Амрико ва муттаҳидонаш мекӯшанд бо ҳимоят аз мухолифони Путин ва тақвияти мухолифони дохилӣ,  ёргирӣ аз  ҳамсояҳои Маскав  мисли ончӣ дар шарқи Украина дар ҷараён аст ва таниш дар минтақаро то ҳадди эҳтимол бурузи даргирӣ миёни Украина ва Русия боло бурда, инчунин тактикаи сиёсӣ ва иқтисодӣ заминаеро барои эҷоди тағир дар ростои  манфиатҳои худ фароҳам оваранд.

"Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури хориҷии Думаи давлатии Русия гуфт: "Дархости Департаменти давлатии ИМА ва Бритониё аз Русия дар бораи раҳоии Алексей Навалний боз як дахолати ошкоро ба умури дохилии мост. Ҳама "ташвишҳо" дар бораи вазъи сиҳатии ӯ чизе беш аз кӯшиши таъсиррасонии сиёсӣ ва фишор ба мақомоти Маскав нестанд.

Шароит акнун буҳронист; Амрико ва муттаҳидонаш  ҳамчунон барои нуфуз дар Русия ва тағйири низоми сиёсии ин кишвар дар ростоии аҳдофи худ талош мекунанд; ба назар мерасад ҳимоят аз Украина, гусели таҷҳизот ва кумакҳои низомӣ ба минтақа, дунбол кардани парвандаи Навалний ва таҳдиди Русия ба авоқиби ношӣ аз марги вай;беш аз пеш  нишон аз густохӣ ва талоши Амрико ва муттаҳидони ғарбии он барои идомаи сиёсати мудохила дар умури дохилии кишварҳо, аз ҷумла Русия аст. 
  
  
  
  Бештар бихонед: