Апрел 25, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Дар 24 апрел як миллиону 500 ҳазор арманӣ аз сӯи императории Усмонӣ ба қатл расиданд
    Дар 24 апрел як миллиону 500 ҳазор арманӣ аз сӯи императории Усмонӣ ба қатл расиданд

Раисҷумҳури Амрико бо интишори баёнияе наслкушии аромана дар даврони Усмониро ба расмият шинохт.

Ҷо Байден, Раисҷумҳури Амрико дар бахше аз ин баёния бо баёни онки дар 24 апрел як миллиону 500 ҳазор арманӣ аз сӯи императории Усмонӣ ба қатл расиданд, гуфт: “Ҳарсол дар чунин рӯзе барои кушта шудагон дар наслкушии аромана ёдбуде баргузор мекунем, то тааҳҳуди худ бар ҷилавгирӣ аз чунин иқдомотеро ёдовар шавем”.

Соле пеш Байден замоне, ки ҳануз номзади раёсатҷумҳурии Амрико буд, ёди 1.5 миллион мард, зан ва кӯдаки арманиро, ки дар охирин рӯзҳои ҳукумати Усмонӣ ҷони худро аз даст доданд, гиромӣ дошт ва эълом кард, баъд аз раъй овардан талош хоҳад кард, ин кушторро наслкушӣ ба сабт бирасонад.

Давлати Арманистон имрӯз аз ин изҳороти Байден қадрдонӣ кард.

 

Барчасп