Коҳини олмонӣ мусулмононро барои иқомаи намоз дар калисо даъват мекунад + филм
Як коҳини олмонӣ мусулмонони шаҳри Берлинро барои иқомаи намоз ба калисо даъват кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Моника Маттиас, кашиши калисо, аз сабаби хурд будани масҷидҳо ва шароити корона дар Олмон аз мусулмонони Берлин хоҳиш кард, ки барои адои намози ҷумъа ба калисо раванд.
Дар зернависи ин филм мехонем ки бо тавваҷӯҳ ба шароит ва маҳдудиятҳои коронаӣ дар Берлин, муддатҳо масоҷид дар пойтахти Олмон ба рӯи мусулмонон баста буд.
Аз сӯи дигар агарчӣ ибодтгоҳҳои мусулмонон дар Берлин бозгушоӣ шудааст, аммо ҳаддиаксар 50 нафар ҳамзамон иҷоза доранд дар ин маконҳо ҳозир шаванд ва ин дар ҳолест, ки бо тавваҷӯҳ ба вусъати килисоҳо дар ин маконҳо имкони ҳузури ҳамзамон 100 нафар бо доштани ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ вуҷуд дорад.
Масъулони ин калисо дар Берлин, ки барои моҳи Рамазон арзиши вижае қоиланд тасмим гирифтанд бо ҳадафи наздик кардани мусулмонон ва масеҳиён ононро барои иқомаи намози ҷумъа ба килисо даъват кунанд.
Муслмононе, ки дар ин килисо барои намоз ҳузур ёфтанд ин иқдомро нишонаи иттиҳод миёни адёни илоҳӣ донистанд ва аз масъулони ин калисо бобати ин идеяи зебо қадрдонӣ карданд.