Фирори сарватмандони ҳиндӣ пас аз шуюъи густардаи корона
(last modified Mon, 26 Apr 2021 15:20:09 GMT )
Апрел 26, 2021 20:20 Asia/Dushanbe
  • Сарватмандон   дар Ҳиндустон барои фирор аз кишварашон даҳҳо ҳазор доллар пардохт мекунанд
    Сарватмандон дар Ҳиндустон барои фирор аз кишварашон даҳҳо ҳазор доллар пардохт мекунанд

Сарватмандони ҳиндӣ пас аз шуюъи густардаи ин вирус дар ин кишвар дар рӯзҳои ахир аз тарси ибтило ба корона бо пардохти даҳҳо ҳазор доллар аз кишварашон фирор карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ортии арабӣ, дар шароите, ки корона рекорди ҷаҳонии мубталоёни рӯзонаро барои чаҳорумин рӯзи мутаволӣ дар Ҳинд ба сабт расонд, расонаҳои маҳаллии ин кишвар эълом карданд, ки афроди  сарватманд дар Ҳинд  даҳҳо ҳазор доллар барои фирор аз кишварашон пардохт мекунанд. 

Ба назар мерасад, ки яке аз мақсадҳои маҳбуби ин афрод, Иморот аст, ки фосилаи чандоне бо Ҳинд надорад ва маъмулан ҳар ҳафта  садҳо парвоз ба ин мақсад дар Ҳинд анҷом мешавад. 

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии чартери Ҳинд ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки ахиран алоқа ба истифода аз ҳавопаймоҳои хусӯсӣ дар Ҳинд ба шиддат афзоиш ёфтааст ва имрӯз 12 парвози хусусӣ ба мақсади Дубай барқарор аст ва сандалиҳои ҳар парвоз такмил аст. 

Ин дар ҳолест, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ин ҳафта эълом кард, ки аз 25 апрел вуруди мусофирон аз Ҳиндро ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мекунад. 

Аз ҳафтаи гузашта токунун Ҳинд ба конуни ҷадиди вируси корона табдил шуд ба тавре, ки системаи беҳдоштӣ, дармонӣ ва ҳатто кӯраҳои сӯзондани аҷсодро таҳти фишор қарор дода ва ин кишвар бо камбуди шадиди кислород рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп