Апрел 27, 2021 09:33 Asia/Dushanbe
  • Нишасти комиссияи муштараки барҷом рӯзи сешанбе ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад
    Нишасти комиссияи муштараки барҷом рӯзи сешанбе ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад

Раиси ҳайати Русия дар музокироти Барҷом аз эҳтимоли тӯлонӣ шудани даври ҷадиди музокироти Вена дар бораи эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Михаил Улянов сафир ва намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена  рӯзи душанбе дар Твиттӣ бо баёни ин ки нишасти навбатии камиссиюни муштараки Барҷом 27 апрел дар Вена баргузор мешавад навишт: Эҳтимоли тӯлонӣ шудани гуфтугӯҳо  нисбат ба даври қабл, баъид нест. 

Иттиҳодия  Аврупо  пештар бо судури баёнияе эълом кард, ки нишасти навбатии камиссиюни муштараки Барҷом  рӯзи сешанбе ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад. 

Дар ин баёния омадааст: Ин нишаст дар сатҳи муовинону мудирони сиёсии вазоратҳои умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як, соати 10 ба вақти аврупоии марказӣ баргузор хоҳад шуд. 

Бар асоси баёнияи Иттиҳодияи Аврупо  ширкаткунандагон қарор аст ба ройзаниҳо перомуни бозгашти эҳтимолии Амрико ба Барҷом ва итминон аз иҷрои  комил ва муассири ин тавофуқ идома диҳанд. 

Дар охирин нишасти камиссиюни муштараки Барҷом, ки 20 апрел дар Вена поён ёфт, кишварҳои мушорикаткунанда дар Барҷом тавофуқ карданд илова бар ду гурӯҳи коршиносии феълӣ дар ҳавзаи лағви таҳримҳо ва ҳастаӣ, ин ҳафта  як гурӯҳи коршиносии сеюм низ барои гуфтугӯ дар хусуси иқдомоти мавриди ниёз барои иҷроӣ шудани лағви таҳримҳо ва сипас бозгашти Амрико ба Барҷом эҷод шавад.   
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп