Тасодуфи маргбори ду автобус дар Кобул 
https://parstoday.ir/tg/news/world-i66076-Тасодуфи_маргбори_ду_автобус_дар_Кобул
Тасодуфи ду автобус дар атрофи шаҳри Кобул беш аз 70 кушта ва захмӣ бар ҷо гузошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 27, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • иллати ин ҳодисаи маргбор беэҳтиётии ронандагони автобусҳо эълом шудааст
    иллати ин ҳодисаи маргбор беэҳтиётии ронандагони автобусҳо эълом шудааст

Тасодуфи ду автобус дар атрофи шаҳри Кобул беш аз 70 кушта ва захмӣ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ториқ Орин, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт : «дар ин ҳодисаи ронандагӣ, ки бомдоди имрӯз дар минтақаи Турғундӣ аз тавобеи шаҳристони Пағмони вилояти Кобул ба вуқуъи пайваст, ду  автобуси мусофирбарӣ бо якдигар бархурд карданд, ки 7 нафар ҷон бохтанд ва 70 нафари дигар низ захмӣ шуданд.»

Шуморе аз кушта ва маҷруҳони ин ҳодисаи ронандагӣ занон ва кудакон ҳастанд.

Иллати ин ҳодиса бе эҳтиётии ронандагон эълом шудааст.

Новгони ҳамлу нақли Афғонистон ба иллати солҳо ишғол, ҷанги дохилӣ ва хушунатҳои бархеста аз он, куҳна ва фарсуда шуда, аммо шароити иқтисодӣ ва амниятии ин кишвар иҷозаи навсозиро намедиҳад.

 

Бештар бихонед: