Вокуниши парлумони Туркия ба изҳороти Байден дар бораи куштори арманиҳо
Парлумони Туркия изҳороти Раиси Ҷумҳурии Амрикоро дар бораи куштори арманиҳо маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, намояндагони порлумон бо интишори баёнияе изҳороти Раиси Ҷумҳурии Амрико, ки куштори аромана дар соли 1915-ро " наслкушӣ " хонда буд, рад карданд.
Дар ин баёния омадааст: «Изҳороти 24 апрели 2021 Раиси Ҷумҳурии Амрико Ҷо Байденро дар робита бо ҳаводиси 1915, ки иддаои лобиҳои Арманистонро пазируфт, ба шиддат маҳкум мекунем. Ин тӯҳматҳои беасос чизе ҷуз таҳрифи торих бо ангезаҳои сиёсӣ нест.»
Раиси парлумони Туркия ва Ҳизби Адолат ва Тавсеа (ҳизби ҳоким), Ҷумҳурии Мардумӣ ва Ҳаракати Миллӣ ва Ник ба ҷонибдории ин изҳорот овоз доданд.
Намояндагони порлумони Туркия таъкид карданд раисҷумҳури Амрико аз назари қонунӣ ва ахлоқӣ салоҳияти қазоват дар мавриди масоили торихиро надораду изҳороти вай бидуни машруият аст.
Бештар бихонед: