Афзоиши 37 дарсадии ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон
Созмони Милали Муттаҳид ва артиши Амрико дар Афғонистон эълом кардаанд, ки ҳамалоти нерӯҳои Толибон ва дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳузури Амрико дар Афғонистон, дар семоҳаи нахусти соли 2021 нисбат ба соли гузашта 37 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; Амрико қасд дорад то 11 сентябр ( 20 шаҳривармоҳ ) 2500 низомии боқимондаашро пас аз 20 сол аз Афғонистон берун бибрад.
Созмони Паймони Атлантики шимолии «НАТО» низ эълом кардааст, ки ҳамзамон бо ақабнишинии Амрико, ҳафт ҳазор нерӯи худро аз Афғонистони хориҷ хоҳад кард.
Солҳо ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон на танҳо натавонистааст ҳеч гиреҳе аз мушкилоти ин кишвари ҷангзада боз кунад, балки авзоъи амниятӣ ва иқтисодиро дар Афғонистон вахимтар кардааст.
Афғонистон акнун дучори ноамнии ғизоӣ аст ба гунае, ки наздик ба 17 миллион нафар ё ҳудуди ниме аз шаҳрвандонаш аз камбуди маводи ғизоӣ ранҷ мебаранд.
Омори созмони байналмилалии муҳоҷират нишон медиҳад, ки наздик ба панҷ миллиону 500 ҳазор тан аз шаҳрвандони Афғонистон ниёзи шадид ба маводи ғизоӣ доранд, ки дувумин омори боло дар ин ҳавза дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Бештар бихонед:
- Хуруҷи Амрико аз Афғонистон дар печутоби ихтилофоти Байден бо фармондеҳони амрикоӣ
-
Вокуниши Созмони иттилоотии Амрико дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон
-
Эътирози Толибон ба тасмими Конгресси Амрико дар бораи хуруҷ аз Афғонистон