Май 01, 2021 09:37 Asia/Dushanbe
  • Маскав вуруди ҳашт тан аз мақомоти Аврупоиро ба хоки Русия мамнуъ кардааст
    Маскав вуруди ҳашт тан аз мақомоти Аврупоиро ба хоки Русия мамнуъ кардааст

Раисони Шӯро, парлумон ва Комиссияи Аврупо дар баёнияе муштарак, иқдоми Русия мабнӣ бар таҳрими ҳашт мақоми Иттиҳоди Аврупоро маҳкум карданд.

Раисони Шӯро, парлумон ва Комиссияи Аврупо дар ин баёния эълом карданд: Ин иқдоми беасос ва бидуни ҳаргуна тавҷеҳест, зеро мустақим Иттиҳоди Аврупоро ҳадаф қарор додааст.

Дар ин баёния омадааст: Тасмими Маскав ҳокӣ аз он аст, ки Русия ба ҷои ислоҳи раванди манфӣ дар равобити дуҷониба масири тақобул бо Иттиҳоди Аврупоро дар пеш гирифтааст ва ба он самт ҳаракат мекунад.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ин ҳақ барои Иттиҳоди Аврупоро маҳфуз аст, то ба тасмими Русия вокуниш нишон диҳад.

Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе бо тасвиби қатъномае алайҳи Русия, таҳрими тарҳи хатти лулаи гази Норд Стрим 2 ва як ширкати ҳастаӣ дар ин кишвар ва низ қатъи иртиботи Русия бо таовунии молии ҷаҳониро хостор шуд.   

Бештар бихонед:

Раиси Парлумони Аврупо дар феҳристи сиёҳи Русия қарор гирифт

Нигаронии Аврупо аз ҳаракатҳои сарҳадии низомии Русия дар марзҳои Украина

Тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия

Барчасп