Май 01, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Токунун шахс ва ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодҳоро баруҳда нагирифтааст
    Токунун шахс ва ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодҳоро баруҳда нагирифтааст

Террористҳои муҳоҷим шаби гузашта бо мошини бомбгузоришуда дар Вилояти Лугар дар ҷануби Кобул 25 танро ба коми марг бурданд ва 90 тани дигарро захмӣ карданд.

Ҳабибуллоҳи Станекзай, раиси Шӯрои вилояти Лугари Афғонистон эълом кард, ки ҳамлаи шаби гузашта дар маркази ин вилоят ғайринизомиёнро ҳадаф қарор дод ва ин инфиҷор ба ҳадде бузург буд, ки шуморе аз хонаҳои атроф аз ҷумла бемористонро тахриб кардааст ва афроде зери овори хонаҳо гирифтор шуданд.

Торқ Орин, сухангуи Вазорати кишвари Афғонистони ҳам гуфтааст, ки ҳамлаи муҳоҷимони террорист бо мошини бомбгузоришуда дар муқобили бемористони марказии шаҳри Пули Алам анҷом шудааст.

Аз вилояти Парвони Афғонистон низ гузориш расидааст, ки 35 намозгузор шаби гузашта бар асари инфиҷори бомб дар масҷиде дар шаҳристони Бигром захмӣ шудаанд.

Токунун шахс ва ё гурӯҳе масъулияти ин рӯйдодҳоро баруҳда нагирифтааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп