Май 02, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • Ду ракета ба Фурӯдгоҳи Қандаҳор шиллик шуда, аммо хисороте надоштааст
    Ду ракета ба Фурӯдгоҳи Қандаҳор шиллик шуда, аммо хисороте надоштааст

Сухангуи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки Фурӯдгоҳи Қандаҳор, ки пойгоҳи низомиёни амрикоӣ низ дар он қарор дорад, субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз Ирно, Санӣ Лигит имрӯз дар паёми твиттерӣ бо эъломи инки ин ҳамлаи ракетӣ талафоту хисороте дар пай надоштааст, ба ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса ишора накардааст.

Вай дар ин робита ҳушдори Скотт Милер, фармондеҳи низомиёни амрикоиро низ мунташир кард, ки дар он ба гурӯҳи Толибон ҳушдор дода шудааст, ки “иштибоҳ накунед, мо таҷҳизоте барои посухи қудратманд дорем ва ба тамоми ҳамалот алайҳи нерӯҳои эътилоф посух хоҳем дод”.

Раиси амнияти полиси вилояти Қандаҳори Афғонистон низ имрӯз дар гуфтугу бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфт, ки ду ракета ба Фурӯдгоҳи Қандаҳор шиллик шуда, аммо хисороте надоштааст.

Саиди Шариф дар айни ҳол афзудааст, ки чаҳор ракети дигар дар шаҳристони Арғистон кашф ва хунсо шудааст, ки онҳо низ омодаи партоб ба сӯи аҳдофе дар Фурӯдгоҳи Қандаҳор будаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп