Як пойгоҳи амрикоӣ тахлия шуда ба артиши Афғонистон супурда шуд
Як пойгоҳи низомиёни амрикоии бо номи "Шурабак" дар вилояти Ҳилманди Афғонистон имрӯз ба таври расмӣ ба нерӯҳои артиши ин кишвар супурда ва парчами Амрико аз он поин оварда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дафтари матбуотии " Лашкар 215 "-и Афғонистон имрӯз дар иттилоъияе эълом кард, ки пойгоҳи Амрикоӣ "Антоник" дар Шӯробак имрӯз ба нерӯҳои артиши Афғонистон вогузор шуда ва қарор аст нерӯҳои вижаи афғон дар ин пойгоҳ мустақар шаванд.
Сухангӯи артиш дар мақари Лашкар 215-и Афғонистон гуфтааст раванди тахлияи пойгоҳҳои низомӣ аз сӯи нерӯҳои Амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвар идома дорад ва қарор аст тамоми ин марокиз ба нерӯҳои амниятии афғон супурда шаванд.
Ҳамдуллоҳи Муҳиб мушовири амнияти миллии Афғонистон дирӯз эълом карда буд, ки нерӯҳои амрикоӣ аз пойгоҳи Антоники Шӯробак ба пойгоҳи Багром мунтақил хоҳанд шуд.
Қарор аст нерӯҳои хориҷӣ то пеш аз 11 сентябри оянда ба таври комил Афғонистонро тарк кунанд ва Афғонистон пас аз 20 соли ҳузури хориҷиҳо дар ихтиёри афғонҳо қарор гирад.
Бештар бихонед: