Кушта шудани 106 узви Толибон дар Афғонистон
(last modified Tue, 04 May 2021 12:00:34 GMT )
Май 04, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 106 узви Толибон дар Афғонистон

106 узви гурӯҳи Толибон дар амалиёти 24 соати гузаштаи нерӯҳои артиши Афғонистон кушта шуданд.

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, дар ҳамалоти 24 съати гузаштаи нерӯҳои низомӣ ва полиси Афғонистон ба мавозеъи Толибон дар вилояти Ҳилманд ва шаҳри Лашкаргоҳ, маркази ин вилоят 106 узви Толибон кушта ва 37 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ин баёния омадааст, ки дар ин даргириҳо миқдори зиёде муҳиммоти гурӯҳи Толибон низ кашф ва мунҳадим шудааст.

Ҳилманд яке аз вилоятҳои ба шиддат ноамнаст, ки Толибон дар он ҳузури густарда доранд. Авохири соли гузашта, аъзои Толибон шаҳри Лашкаргоҳро дар партгоҳи суқӯт қарор доданд.

 

Бештар бихонед: