Дархости Маҳмуд Аббос аз Шӯрои амният дар бораи ҳаводиси Қудс
Май 08, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
-
Раиси ташкилоти худгардони Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то монеъ аз ҷиноятҳои Исроил шавад
Раиси ташкилоти худгардони Фаластин ташкили ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро барои баррасии таҳаввулоти Қудс ва Масҷидулақсо хостор шуд.
Маҳмуд Аббос аз Риёз Мансур, сафири Фаластин дар Созмони милали муттаҳид хост, то аз Шӯрои амният дархости ташкили ҷаласаи фаврӣ кунад.
Аббос режими ишғолгарро масъули комили ҳамлаҳои хатарнок ва ваҳшиёна ба фаластиниён донист ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то масъулияти худро барои таваққуфи ҳамла ва таҷовуз алайҳи миллат ва муқаддасоти Фаластин анҷом диҳад.
Манобеи фаластинӣ ҷумъа шаб аз ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба намозгузорони фаластинӣ дар Қудси шариф ва Масҷидулақсо хабар доданд.
Бештар бихонед:
Барчасп