Ҳамлаи террористӣ ба Донишкадаи полис дар Кувайтияи Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6700-Ҳамлаи_террористӣ_ба_Донишкадаи_полис_дар_Кувайтияи_Покистон
Ҳамлаи террористӣ ба Донишкадаи омӯзиши нерӯҳои полис дар Кувайтияи Покистон беш аз 200 кушта ва захмӣ барҷой гузошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2016 11:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба Донишкадаи полис дар Кувайтияи Покистон

Ҳамлаи террористӣ ба Донишкадаи омӯзиши нерӯҳои полис дар Кувайтияи Покистон беш аз 200 кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши ИРНА, дар ҳамлаи террористии шомгоҳи душанбе ба Донишкадаи омӯзиши нерӯҳои полиси Кувайтия дар маркази иёлати Балучистони Покистон, дастикам 85 нафар кушта ва 120 тан маҷрӯҳ шуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба вахим будани ҳоли теъдоде аз маҷрӯҳон, мумкин аст шумори қурбониён боз ҳам афзоиш ёбад.

Дар пайи ин инфиҷорҳо се тан аз террористҳо дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд ва бақия фирор карданд.

Муҳаммаднавози Шариф, нахуствазири Покистон субҳи имрӯз зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ, аз созмонҳои амниятӣ ва иттилоотӣ хост, барои шиносоӣ ва дастгирии террористҳо талош кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ ҳамлаи террористӣ дар Кувайтияи Покистонро маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи сешанбе бо таслият ба давлат ва миллати Покистон, бо бозмондагон ва хонаводаҳои қурбониёни ин куштори ноҷавонмардона ибрози ҳамдардӣ кард ва бархурди ҷиддӣ ва решаии ҳамагонро бо падидаи шуми терроризм хостор шуд.