Май 14, 2021 15:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷозеф Боррелл ба дастгирии амнияти Исроил таъкид кард
    Ҷозеф Боррелл ба дастгирии амнияти Исроил таъкид кард

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои саҳюнисти худ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифои Фаластин ҳимоят кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо "Ҷозеф Боррел" дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ « Гобии Ашкнозӣ » бидуни ишора ба ҷиноёти ахири ин режими ишғолгар  алайҳи фаластиниён, бар ҳимоят аз амнияти Исроил таъкид кард. 

Ҳимояти кӯр-кӯронаи «Боррел» дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳо, ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалии фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар, аз ҷумла  Созмони дидабонии ҳуқуқи башар, иқдомот ва сиёсатҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳоро нажодпарастона тавсиф карданд ва онро мардуд донистанд. 

Режими ишғолгари Қудс шаби гузашта ва бомдоди имрӯз  даҳҳо сохтмон ва хонаро дар Борикаи Ғазза, ба вижа шаҳрҳои Ғазза ва Хон Юнус ҳадаф қарор дод ва вайрониҳои зиёде ба бор овард. 

 Муқовимати Фаластин дар посух ба ин ҷиноёти саҳюнистҳо, арозии ишғолӣ аз ҷануб то шимолро омори ҳамалоти густардаи мушакӣ ва ракетӣ қарор дод, ки дар пайи он даҳҳо саҳюнист захмӣ шуданд ва хисоратҳои сангине ба душмани саҳюнистӣ ворид шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп