Май 15, 2021 18:48 Asia/Dushanbe
  • Дастикам 40 кӯдак дар шаш рӯзи ахир дар ҳамлаи режими Исроил ба Ғазза шаҳид шудаанд
    Дастикам 40 кӯдак дар шаш рӯзи ахир дар ҳамлаи режими Исроил ба Ғазза шаҳид шудаанд

Бо шаҳодати як навзоди ҳафтмоҳа, шумори шуҳадои даври ҷадиди ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ба 140 нафар расид.

Ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Алъолам, агарчи омори расмӣ аз шумори қурбониёни ҷиноятҳои чанд рӯзи ахири режими Исроил дар Ғазза вуҷуд надорад, аммо гузоришҳои аввалия аз афзоиши шумори шуҳадо ба 140 нафар аз ҷумла як навзод ҳикоят дорад.

Ин навзод дар бомбборони як хона ба шаҳодат расидааст.

Дар ҳамалоти рӯзи шанбеи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза, дастикам 13 фаластинӣ аз ҷумла 7 зану кӯдак шаҳид шудаанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин низ рӯзи шанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта 28 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ба шаҳодат расиданд ва беш аз ҳазору 300 фаластинӣ низ захмӣ шуданд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, бештари захмиҳо ба зарби гулулаҳои ҷангӣ осеб дидаанд ва ҳоли 26 нафар аз онон ногувор аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп