Май 17, 2021 12:14 Asia/Dushanbe
  • Созмони пизишкони бидуни марз хостори кумакҳои фаврии ҷаҳонӣ барои Навори Ғазза шуд
    Созмони пизишкони бидуни марз хостори кумакҳои фаврии ҷаҳонӣ барои Навори Ғазза шуд

Созмони пизишкони бидуни марз аз камбуди густардаи дору дар Навори Ғазза ба далели муҳосира ва ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ибрози нигаронӣ кард.

Ҳелен Петерсон, раиси Созмони пизишкони бидуни марз дар Борикаи Ғазза гуфт: “Муҳосира ва ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Ғазза боиси камбуди густардаи дору дар ин борика шуда ва мубориза бо корона низ душвортар шудааст”.

Петерсон бузургтарин мушкили кунунии Навори Ғаззаро нотавонӣ дар дарёфти дору ба далели ҳамалоти саҳюнистҳо донист ва гуфт: “Намедонем, ки системаи беҳдоштӣ- дармонии Ғазза чи муддат зери бомбборони Исроил тоб хоҳад овард”.

Петерсон ҳамчунин аз кушта шудани ду пизишки ин созмон дар бомбборони ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза хабар дод.

Вай хостори кумакҳои фаврии ҷаҳонӣ барои ҷуброни хисорот ба марокиз ва ниҳодҳои хадамотии ин созмон дар Навори Ғазза шуд.

Даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аз душанбеи ҳафтаи гузашта ва пас аз поён ёфтани муҳлати муқовимат ба Телавив барои хотима додан ба ҷиноятҳои ахираш дар Қудс ва Масҷидулақсо оғоз шудааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, таи ҳафт рӯз таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза токунун шумори шаҳидон ба 192 шаҳид расидааст, ки 58 нафари онҳо кӯдак ва 34 тан зан ҳастанд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп