Авфи Байналмилал ҷиноёти Исроил алайҳи фаластиниёнро маҳкум кард
(last modified Tue, 18 May 2021 05:14:49 GMT )
Май 18, 2021 10:14 Asia/Dushanbe
  • Авфи Байналмилал: Ин ҳамалот нишондиҳандаи « беэътиноии шоковар»-и Исроил ба шаҳрвандони фаластинӣ аст
    Авфи Байналмилал: Ин ҳамалот нишондиҳандаи « беэътиноии шоковар»-и Исроил ба шаҳрвандони фаластинӣ аст

Созмони Авфи Байналмилал ҷиноёти режими Исроил алаёҳи мардуми Фаластинро ҷиноёти ҷангӣ хонд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Созмони Афви Байналмилал рӯзи душанбе эълом кард: Режими Исроил ба улгӯе аз ҳамалоти маргбор алайҳи хонаҳои фаластиниён рӯй овардааст, ки роҳе барои фирори занон, мардон ва кӯдакони бегуноҳ фароҳам намеоварад.

  
Дар баёнияи ин Созмони ҳуқуқи башарӣ таъкид шудааст: Ин ҳамалот, ки нишондиҳандаи « беэътиноии шоковар»-и Исроил ба шаҳрвандони фаластиниро мумкин аст битавон «ҷароими ҷангӣ ё ҷиноят алайҳи башарият» қаламдод кард. 

 Дар даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, ки аз душанбеи ҳафтаи гузашта токунун идома дорад, дастиками 220 фаластинӣ аз ҷумла  60 кӯдаки шаҳид ва беш аз 5600 нафар низ захмӣ шудаанд. 

Дар яке аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ, ки баъд аз соати яки бомдод анҷом шуда ду сохтмони маскунӣ ба таври комил тахриб шуд ва 30 нафар ба шаҳодат расиданд. 

«Юсуф Ёсин » аз коркунони бахши дармони Ғазза ба муҳаққиқони Афви Байн алмилал гуфтааст, ки ин ҳамла бидуни ҳеч ҳушдоре анҷом шудааст ва ба ҳамин сабаб  сокинони ин сохтмонҳо онро тарк накарда буданд. 

Даргирӣ миёни Муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аз рӯзи душанбеи 10 май ва пас аз зарурати поёни  муқовимат ба Тел-Авив ва мабнӣ бар лузуми поёни таҷовузоти ин режим дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо оғоз шуд. 

Дар ин муддат, артиши режими саҳюнистӣ ба таври мукаррар  навоҳии маскунӣ дар Ғаззаро ҳадафи бомбаборонҳои кӯр қарор додааст. 

 
  
  Бештар бихонед: