Октябр 26, 2016 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба иқоматгоҳи сафири Амрико дар Маскав

Маҳалли зиндагии сафири Амрико дар Русия ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории русии Спутник, афроди ношинос рӯзи сешанбе ба сӯи иқоматгоҳи сафири Амрико дар маркази Маскав, пойтахти Русия маводи оташзо партоб карданд .

Як манбаъ ба Новости гуфт: Пас аз ҳамлаи афроди ношинос ба иқоматгоҳи сафири Амрико дар Маскав полис фавран дар маҳал ҳозир шуд ва таҳқиқ дар бораи ин мавзуъ шуруъ шудааст .

Ба гуфтаи шоҳидон, муҳоҷимон пеш аз ҳамла коғазнавиштаҳое дар атрофи маҳалли иқомати сафири Амрико дар Маскав пахш карданд, ки рӯи он навишта буд: "Амрикоиҳо, ҳарчи зудтар пойгоҳҳоятонро аз Аврупо ҷамъ кунед ва биравед".

теъдоде аз нерӯҳои полиси Русия аз иқоматгоҳи сафири Амрико дар Маскав муҳофизат мекунанд ва авзоъ ором гузориш шудааст. Полиси Русия се нафарро дар ин иртибот дастгир кардааст .

 

Барчасп