Худкушии саркардаи гурӯҳи террористии Боко Ҳарам
(last modified Sat, 22 May 2021 09:35:24 GMT )
Май 22, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • Вол Стрит Журнал хабари марги Абубакр Шекау, саркардаи гурӯҳи террористии Боко Ҳарамро тайид кардааст
    Вол Стрит Журнал хабари марги Абубакр Шекау, саркардаи гурӯҳи террористии Боко Ҳарамро тайид кардааст

Рӯзномаи Вол Стрит Журнал аз худкушии Абубакр Шекау, саркардаи гурӯҳи террористии Боко Ҳарам барои гирифтор нашудан дар дасти гурӯҳҳои рақиб гузориш дод.

Пас аз онки Вол Стрит Журнал рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки Абубакр Шекау, саркардаи гурӯҳи террористии Боко Ҳарам кушта шудааст, артиши Нигерия эълом кард, дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди ин иддаост.

Муҳаммад Ерима, сухангуи артиши Нигерия дар мавриди марги саркардаи Боко Ҳарам гуфт: “Мо бо диққат дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастем”.

Вол Стрит Журнал бо радёбии тамоси раҳгиришуда миёни шӯришиён, хабари марги Боко Ҳарамро тайид мекунад.

Ожонсии иттилоотии Нигерия низ эълом кард, Шекау рӯзи чаҳоршанбе барои гирифтор нашудан дар дасти нерӯҳои ДИИШ дар Африқои Ғарбӣ даст ба худкушӣ задааст.

Террористҳои ДИИШ мустақар дар ғарби Африқо, соли 2016 аз гурӯҳи террористии Боко Ҳарам ҷудо шуданд.

Шимоли Нигерия дар 10 соли ахир шоҳиди ҳамалоти хунине буда, ки беш аз 36 ҳазор қурбонӣ ва оворагии ду миллион нафар шудааст.

Бештар бихонед: