Иддаои Лондон : Русия таҳдиди шумораи яки Британия аст
Вазири дифои Британия зимни тарҳи иттиҳомоте алайҳи фаъолиятҳои баҳрии Русия, ин кишварро « таҳдиди шумораи як » алайҳи Лондон тавсиф кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Бен Уоллес- вазири дифои Британия дар мусоҳиба бо рӯзномаи « Санди Телеграф » муддаӣ шуд : Мо коҳиши танишро имтиҳон кардаем, аммо то замоне ки Русия нигариши худро тағйир диҳад дарки ин ки куҷо мехоҳем биравем,комилан душвор аст .
Уоллес ҳамчунин изҳор кард : Киштиҳои Русия ба ба таври фазояндае дар наздикии марзҳои Британия фаъол ҳастанд.
Нерӯи баҳрии Британия декабри соли гузашта ( 2020 ) муддаӣ шуд, ки киштиҳои ҷангии Русия наздики обҳои сарзаминии ин кишвар ба таври қобили таваҷҷуҳе ҳузур доранд .
Ба иддаои Санде Таймс, дар маҷмӯъ нерӯи баҳрии Британия аз соли 2013 то кунун 150 киштии ҷангии Русияро дар наздикии обҳои сарзаминиаш расад кардааст .
Ин иддаоҳо дар ҳоле аст, ки сафорати Русия дар Лондон борҳо эълом кардааст мақомоти сиёсӣ ва низомии Британия ағлаб аз иддаои таҳдиди Маскав барои тавҷеҳи буҷети низомии фазояндаву афзоиши ҳузури низомии худ дар манотиқи дигар истифода мекунанд .
Бештар бихонед :