Ҳушдори Афғонистон ба ДИИШ: Интиқоми хуни ғайринизомиёнро мегирем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6757-Ҳушдори_Афғонистон_ба_ДИИШ_Интиқоми_хуни_ғайринизомиёнро_мегирем
Раиси Ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, нерӯҳои амниятии афғон интиқоми хуни ғайринизомиёни кушташуда дар вилояти Ғурро мегиранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2016 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Афғонистон ба ДИИШ: Интиқоми хуни ғайринизомиёнро мегирем

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, нерӯҳои амниятии афғон интиқоми хуни ғайринизомиёни кушташуда дар вилояти Ғурро мегиранд.

Дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Душманони мардуми Афғонистон бори дигар даст ба ҷиноят заданд ва ғайринизомиёнро дар вилояти Ғур ҳадаф қарор доданд.

Дар баёнияи раиси Ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба ҷиноёти гурӯҳҳои террористӣ дар маконҳои мазҳабӣ, ҳамла ба таҷаммуи азодорон ва мусофирони афғон дар масирҳои ин кишвар, таъкид шудааст, ин ҷиноятҳо, парвандаҳои ҷинояткоронро бештар мекунад ва онҳо ба унвони ҷинояткорони ҷангӣ дар баробари қонун ва мардуми Афғонистони посухгӯ хоҳанд буд.

Волии Ғур имрӯз эълом кард: Террористҳои ДИИШ сешанбешаб 36 ғайринизомиро дар шаҳри Фирӯзкӯҳ рабуданд ва тирборон карданд.

Гурӯҳи Толибон низ бо интишори баёнияе эълом кард, аъзоии ин гурӯҳ дар ин куштор даст надоштаанд.

Террористҳои ДИИШ рӯзи душанбе низ 10 тан аз бузургони қавмиро дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ба қатл расонданд.