Май 26, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Русия 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро ихроҷ карда буд
    Вазорати умури хориҷаи Русия 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро ихроҷ карда буд

Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Чехия аз ихроҷи 79 корманди руси сафорати ин кишвар дар Маскав то авохири моҳи май хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Ева Давидова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Чехия дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аз 21 моҳи май 71 корманди руси сафорати Чехия дар Маскав номаи поёни кори худро дарёфт кардаанд ва қарораст то авохири моҳи май 8 корманди дигар ихроҷ шаванд ва теъдоди кулли ихроҷ шудагон ба 79 нафар хоҳад расид.

Пеш аз ин, Русия ва ҷумҳурии Чехия дар мавриди баробарии теъдоди коркунони худ дар намояндагиҳои дипломатӣ дар пойтахти ҳар ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки ҳар сафорат ҳафт дипломат ва 25 корманди идорӣ ва фаннӣ дошта бошад.

Пештар мақомоти ҷумҳурии Чехия дар 17 апрел иддао карданд, ки Маскав дар инфиҷори ду анбори муҳимот дар шарқи ин кишвар дар соли 2014, ки ба кушта шудани ду нафар мунҷар шуд, нақш доштааст.

Пас аз он Прага 18 корманди сафорати Русияро ба иттиҳоми ҷосӯсӣ ихроҷ кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия низ дар вокуниш ба ин мавзӯ 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро ихроҷ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия изҳор кард, ки дар ҳафт соли гузашта Прага ҳеч гӯна далел ва мадраке барои муттаҳам кардани Русия ба даст доштан дар инфиҷори анбори муҳимот надоштааст.

 

Барчасп