Тасвиби қонуне нав барои пешгирӣ аз ҳузури ифротгароён дар интихоботи Русия
(last modified Thu, 03 Jun 2021 08:19:21 GMT )
Июн 03, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои Федератсияи Русия бо аксарияти қотеъ қонуни “Ифротгароӣ” -ро тасвиб кард
    Шӯрои Федератсияи Русия бо аксарияти қотеъ қонуни “Ифротгароӣ” -ро тасвиб кард

Маҷлиси сенати Русия, мавсум ба Шӯрои Федератсияи Русия, рӯзи чаҳоршанбе бо аксарияти қотеъ қонуни “Ифротгароӣ” -ро тасвиб кард, ки аз ширкати сарон, мақомот ва ҳомиёни гурӯҳҳои “ифротӣ” дар интихоботи ин кишвар мамониат мекунад.

Русия дар солҳои ахир иқдомоти густардаеро ба манзури пешгирӣ аз фаъолиятҳову иқдомоти гурӯҳҳои ифротгаро, ба вижа гурӯҳҳои такфирӣ, ки таҳдиде мустақимро мутаваҷҷеҳи амнияти миллии ин кишвар кардаанд, анҷом додааст. Ҳарчанд умдаи фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарои такфирӣ ба сурати иқдомоти террористӣ дар Русия намуд пайдо кардааст, бо ин ҳол тасвиби қонуни “Ифротгароӣ” ба манзалаи созукоре барои мамониат аз мушорикати эҳтимолии сарон, мақомот ва ё ҳаводорони гурӯҳҳои ифротгаро дар интихоботи Русия сурат гирифтааст.

Ба вижа, бо тавваҷуҳ ба ин ки эҳтимоли ин ки ҳаводорони пинҳони гурӯҳҳои ифротгаро битавонанд бидуни ҷалби тавваҷуҳ дар интихоботи мухталифи ин кишвар, монанди интихоботи шӯроҳо ё парлумонӣ ширкат карда ва ба ниҳодҳои қонунӣ ворид шудаву мубодират ба иқдомоти тахрибӣ намоянд, вуҷуд дорад.

Андрей Климов, сенатори рус дар ин замина мегӯяд: “Ҳеч кишвари мутамаддине ба ифротгароён иҷоза намедиҳад вориди ниҳодҳои расмӣ шаванд”.

Дар айни ҳол, ба назар мерасад дар бурҳаи кунунӣ қонуни “Ифротгароӣ” бештар дар ростои муқобила бо ҷумбишҳову ҷараёнҳои ғарбгарои хоҳони тазъифу сарнагунии давлати Русия тасвиб шудааст. Алексей Навалний, саркардаи ин ҷараён маҳсуб мешавад, ки акнун ба далели ҷароими иртикобӣ дар зиндон ба сар мебарад ва ғарбиҳо, ба вижа Амрико ва Иттиҳоди Аврупо фишори сиёсӣ ва таҳримии густардаеро ба манзури водор сохтани Маскав ба озодии ӯ ворид кардаанд.

Ӯ пештар ба таҳаммули сеюним сол ҳабс маҳкум шуда буд ва бо тавваҷуҳ ба гузарондани бахше аз он дар ҳабси хонагӣ, ду солу ҳашт моҳи дигарро бояд дар ҳабс ба сар бибарад. Мақомоти Русия мегӯянд, Навалний бо адами гузориши мавқеияти маконии худ, тайи гузаронидани ҳабси хонагӣ, қавонинро нақз кардааст.

Акнун додгоҳе дар Русия қарор аст дар ин замина тасмим бигирад, ки оё шабакаи сиёсии Алексей Навалний, саркардаи мухолифони ғарбгарои давлати Русия дар зумраи ташкилоти ифротгаро қарор мегирад ё дар шумори онҳо нахоҳад буд. Пештар Созмони назорат бар фаъолиятҳои молии Русия эълом кард, ки шабакаи Алексей Навалнийро ба листи гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар изофа кардааст. Додситонҳои Русия фаъолияти шабакаи Навалний, ки ба баҳонаи мубориза бо фасод дар ин кишвар шакл гирифтааст, мутаваққиф карда ва аз дастгоҳи қазоии ин кишвар хостаанд, ки ин гурӯҳро дар канори гурӯҳҳои террористие мисли Алқоида ва ДИИШ дар листи гурӯҳҳои ифротгаро қарор диҳанд.

Алексей Навалний, мунтақиди давлати Русия ба унвони саркардаи мухолифон, ҳамвора аз ҳимояти густардаи Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бархӯрдор шуда ва дар эътирозоти зиддидавлатӣ дар солҳои ахир нақши пуррангеро ифо кардааст. Иқдомоти мудохилагароёнаи ғарбиҳо бо ҳадафи эҷоди бесуботӣ, афзоиши эътирозот ва дар ниҳоят эҷоди замина барои шаклгирии таҳаввулоти матлуби худ дар Русия сурат мегирад. Аз ҷумлаи мушаххастарин фаъолияти Аврупову Амрико дар ин замина, афзоиши кумакҳои молӣ ва низ ҳимояти ҳамаҷонибаи расонаӣ аз мухолифон ва эҷоди фазосозии манфӣ дар заминаи авзои дохилии Русия аст. Хостаи Брюссел ва Вашингтон рӯйи кор омадани фарде ғарбгаро монанди Алексей Навалний дар раъси қудрати Русия аст. Бо ин ҳол, ба далели вобастагии ошкори мухолифон ба Ғарб ва огоҳии мардуми Русия аз ин амр, онҳо дар расидан ба аҳдофи худ ноком мондаанд.

Акнун ба назар мерасад, қувваи қонунгузории Русия бо тасвиби қонуни “Ифротгароӣ” қасд дорад монеи қонунӣ дар масир Навалний, мақомоти шабакаи сиёсӣ ва ҳаводорони вай эҷод карда ва амалан монеи нуфузи ғарбгароён ба дохили ниҳодҳои қонунии Русия ва низ касби симатҳои мухталиф дар ниҳодҳои иҷроии ин кишвар шавад.

Бештар бихонед: