Паёми табрикии Ким ба Раисӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i69242-Паёми_табрикии_Ким_ба_Раисӣ
Раҳбари Кореяи шимолӣ бо табрики пирӯзии Раисӣ дар сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, барои густариши пеш аз пеши равобити дӯстона ва ҳамкории байни ду кишвар ибрози умедворӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 22, 2021 10:27 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Ким ба Раисӣ
    Паёми табрикии Ким ба Раисӣ

Раҳбари Кореяи шимолӣ бо табрики пирӯзии Раисӣ дар сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, барои густариши пеш аз пеши равобити дӯстона ва ҳамкории байни ду кишвар ибрози умедворӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаи давлатии Кореяи шимолӣ ( KCNA ) имрӯз ( сешанбе ) гузориш дод, «Ким ҷунг Ун» раҳбари Кореяи шимолӣ дар паёми табрики худ ба пирӯзии «Сайид Иброҳими Раисӣ » дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт: Ин нишондиҳандаи эътимоди амиқи мардуми Эрон ба ҷаноби олӣ аст.

Дар идома Ким барои раиси ҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон саломатӣ, муваффақият дар масъулияти ҳассос ва сохти эронии муқтадир орзӯ кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо касби 17 миллиону 926 ҳазору 345 ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳурии Эрон интихоб шуд.

 

Бештар бихонед: