Июн 22, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Ғарб масъулият ва вахомати авзои инсонӣ дар Сурияро бипазирад
    Лавров: Ғарб масъулият ва вахомати авзои инсонӣ дар Сурияро бипазирад

Вазири хориҷаи Сурия рӯзи якшанбе гуфт, ки кишварҳои Ғарб бояд масъулияти вахим шудани авзои инсонӣ дар Сурияро бипазирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Сергей Лавров», ки дар конфаронси хабарии муштарак бо бо Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид сӯҳбат мекард бар зарурати мушорикати давлати Сурия дар раванди интиқоли кумакҳо ба дохили ин кишвар таъкид кард  ва гуфт, ки Димишқ омодаи ин мавзӯ аст, аммо мутаассифона Созмони Милали Муттаҳид ва дигар муассисаҳо тавонистаанд дар ин замина то кунун ҳамоҳангӣ анҷом диҳанд.

Лавров ҳамчунин аз сиёсати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи оворагони сурӣ интиқод карда ва таъкид кард, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар талош барои монеътарошӣ дар масири бозгашти оворагони сурӣ, ки дар урдугоҳҳои Лубнон ва Урдун ҳузур доранд, ҳастанд.

Вазири хориҷаи Русия ба таҳримҳои Амрико  алайҳи Сурия  мавсум ба қонуни Сазор низ ишора кард ва гуфт ки ҳадафи таҳримҳои якҷонибаи Амрико  алайҳи Сурия эҷоди монеъ дар масири бозсозии зерсохтҳои Сурия ва бозгардондани авзоъи инсонии ин кишвар ба замони мо қабл аз бӯҳрон аст.

Лавров ба ҳузури ишғолгаронаи Амрико дар бархе манотиқи Сурия ишора кард ва гуфт, ки ин ишғолгарӣ бо ҳадафи сирқати сарватҳои нафт ва гази Сурия буда ва даромадҳои он низ бо ҳадафи афзоиши даргириҳои ҷудоиталабона ва осеб расондан ба ваҳдати миллии Сурия аст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш  Шӯрои Аврупо таҳримҳо алайҳи давлати Сурияро ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ба муддати як сол тамдид кард.

Таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Сурия шомили 283 фард ва ҳафтод  ниҳод то якуми июни соли 2022 тамдид шуданд.

Дар баёнияи Шӯрои Аврупо омадааст ин таҳримҳо ки аз соли 2011 вазъ шудаанд, ширкатҳои тиҷории муртабит бо давлат, воридоти нафт, сармоягузорӣ ва тавқифи амволи банки марказии Сурия дар кишварҳои аврупоиро шомил мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп