Амнияти миллии Афғонистон: Маводи инфиҷории ба кор рафта дар Кобул, дар ихтиёри давлатҳо аст
(last modified 2016-07-25T13:49:31+00:00 )
Июл 25, 2016 18:49 Asia/Dushanbe
  • Амнияти миллии Афғонистон: Маводи инфиҷории ба кор рафта дар Кобул, дар ихтиёри давлатҳо аст

Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кард, мавод бакор рафта дар инфиҷори рӯзи шанбе дар Кобул, танҳо дар ихтиёри давлатҳо қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом кард, маводи инфиҷорӣ, ки рӯзи шанбе дар иҷтимои тазоҳуркунандагони "Ҷумбиши рӯшаноӣ", дар Кобул мунфаҷир шуд, аз навъи "r.d.x" аст, ки танҳо давлатҳо онро дар ихтиёр доранд.

Дар ҳамин ҳол, пайкари 64 тан аз кушта шудагони инфиҷори Кобул, пас аз мушаххас шудани ҳувиятшон бар фарози теппае дар пойтахти Афғонистон ба хок супурда шуд.

Бастагони қурбониёни ин инфиҷор таъкид карданд, то замоне, ки хостаи онҳо амалӣ нашавад. ба эътирози худ идома медиҳанд.

Пас аз инфиҷорҳои рӯзи шанбеи Кобул, мардуми Афғонистон омили аслии бурӯзи ин ҳодисаро давлати ин кишвари муаррифӣ мекунанд.

Довуд Ноҷй, яке аз сарони "Ҷумбиши рӯшаноӣ" дар маросими хоксупории қурбониёни инфиҷори Кобул, давлати Афғонистонро ба бе кифоятӣ муттаҳам кард ва гуфт, давлат натавонист тадобири амниятии дурустеро барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса ба кор гирад.

Асри рӯзи шанбе ҳазорон тан аз ҳазораҳо ба даъвати "Ҷумбиши рӯшаноӣ" дар эътироз ба интиқоли барқи воридотӣ аз Туркманистон аз масири Солангба ҷои Бомиён, дар Кобул даст ба тазоҳурот заданд, ки як омили интиҳорӣ худро миёни ҷамъият мунфаҷир кард.

Дар ин иқдоми террористӣ, 80 тан аз тазоҳуроткунандагон кушта ва 300 тан низ захмӣ шуданд.