Инфиҷори даҳшатнок дар наздикии истгоҳи қатор дар Англия
Гузоришҳои хабарӣ, ҳокӣ аз вуқуъи инфиҷоре маҳиб дар наздикии истгоҳи қатор воқеъ дар Лондон, пойтахти Англия аст.
Манобеи хабарӣ аз инфиҷори маҳиб дар истгоҳи қатор воқеъ дар ҷануби шарқи Англия хабар додаанд.
Рӯзномаи «The Daily Mail» дар ин бора навишт, ин инфиҷор мунҷар ба оташсӯзӣ ва тахлияи мусофирон аз ин истгоҳ шудааст.
Ҳамчунин бар асари вуқуъи инфиҷори маҳиб дар як тавақуфгоҳ наздики истгоҳи қатор дар Лондон, 10 мошини оташнишонӣ ва 70 оташнишон ба маҳали ҳодиса эъзом шуданд.
Шоҳидон ин инфиҷорро монанди партоб кардани гулӯлаи оташин ба ҳаво тавсиф карданд. Яке аз шоҳидон низ эълом кард, дар пайи ин инфиҷор сутӯни сиёҳе аз дӯди ғализ дар осмони минтақа пур шуд, мағозаҳои атрофи маҳали ҳодиса низ пар аз дуд сиёҳ шуд.
Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса ва шумори талафоту хисороти эҳтимолии он ҳануз дар даст нест.