Июл 03, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • 24 июн Қисми маҷмааи истиқоматии Флорида фурӯ рехта, 55 манзилро хароб кард
    24 июн Қисми маҷмааи истиқоматии Флорида фурӯ рехта, 55 манзилро хароб кард

Расонаҳои амрикоӣ аз афзоиши шумораи қурбониёни суқути бино дар шаҳри "Майами Бич" -и иёлати Флорида ба 22 нафар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бо пайдо шудан чаҳор ҷасади дигар шумори қурбониёни ношӣ аз фурӯ рехтани ин сохтмон ба 22 нафар расид, дар ҳоле ки 126 нафари дигар ҳамчунон мафқуд ва дар зери овор мадфун ҳастанд.

Ҷасади яке аз ин чаҳор нафар марбут ба духтари яке аз оташнишонҳо ва персонели имдод ва наҷо аст ки худаш дар амалиёти кашфи он мушорикат дошт.

Расонаҳои амрикоӣ ҳамчунин аз тахлияи як бурҷи дигар дар шимоли шаҳри Маяами ба далели ноамн будани он хабар додаанд.

Рӯзи панҷшанбе 24 июни бахше аз як муҷтамаъи маскунӣ дар иёлати Флоридаии Амрико фурӯи рехт ва 55 воҳиди апартаментӣ тахриб шуд.

Тибқи оморҳои мунташиршуда даҳҳо нафар эҳтимолан зери харобаҳо ҳастанд

Иллати резиши ин сохтмони 40 -сола дар арзи чанд сония ҳанӯз ба таври комил мушаххас нест ва дар дасти баррасӣ аст.

Барчасп