Июл 05, 2021 11:13 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Аврупо: Амрико ҳеҷ эҳтироме барои маншури Созмони Милал қоил нест
    Намояндаи парлумони Аврупо: Амрико ҳеҷ эҳтироме барои маншури Созмони Милал қоил нест

Намояндаи ирландии парлумони Аврупо шаби якшанбе бо ишора ба ҷиноёти Амрико дар сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии Эрондар соли 12988 дар Твиттер тасреҳ кард, Амрико ҳеч эҳтироме барои қавонини байналмилалӣ ва маншури Созмони Милали Муттаҳид қоил нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон "Мик Уоллес" рӯзи шанбе дар Твиттер навишт, ки вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ба хушунати ИМА алайҳи эрониён ишора намуда, навиштааст: "Империализми Амрико аз соли 1945 инҷониб токунун осеби бештаре дар муқоиса бо тамоми дигар  кишварҳои ҷаҳон эҷод кардааст .»

"Уоллес " дар идома бо баёни ин ки амрикоиҳо ҳамчунон ба дунболи қудрат, нуфуз ва суди молӣ буда ва ҳеч эҳтироме ба маншури Созмони Милал ё қавонини байналмилалӣ қоил нестанд аз Иттиҳодияи Аврупо хост  даст аз ҳимоят аз иқдомоти хасмонаи Амрико бардорад.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон  рӯзи шанбе дар Твиттер бо ишора ба ҷинояти Амрико дар сарнигун кардани ҳавопаймойи  мусофирбарии Эрон бо 290 сарнишин, хотирнишон кард, хушунати Амрико  алайҳи мардуми Эрон бо тероризми иқтисодӣ идома дорад .

Сеюми июли 1988, ҳавопаймои мусофирбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шиносаи « IR655 », ки аз «Бндар Аббос » ( ҷануби Эрон ) озими « Дубай » Иморот буд бар фарози обҳои халиҷи Форс  ҳадафи исобати ду мушак аз сӯи  киштии амрикоии «USS Винсенес» қарор гирифт ва 290 сарнишин ва хадамаи он ба шаҳодат  расиданд.

Дар ин ҳавопаймо, 66 кӯдак, 53 зан ва 46 табаъаи кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.

Нуктаи тааммули барангези ин иқдоми террористӣ он буд ки на танҳо ин ҷиноят аз сӯи Ғарб маҳкум нашуд ва бо ҷинояткорони он бархурди қазоӣ сурат нагирифт, балки "Уилям Роҷерс", фармондеҳи киштии амрикоӣ, медали ифтихорро ду соли баъд аз дасти раиси ҷумҳурии вақти Амрико  дарёфт кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп