Июл 07, 2021 13:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони резиши сохтмони Флорида ба 32 нафар

Манобеи хабарӣ аз афзоиши шумори талафоти ҳодисаи фурӯ рехтани сохтмоне дар иёлоти Флорида ба 32 нафар хабар доданд.

Ба гузориши Ройтерс, гурӯҳи имдоду наҷоти ҳозир дар маҳалли ҳодисаи фурӯ рехтани сохтмон дар иёлоти Флоридаи Амрикои рӯзи сешанбе аз пайдо шудани аҷсоди 4 нафари дигар хабар доданд.

Ба ин тартиб, шумори кулли талафоти ин ҳодиса токунун ба 32 нафар расидааст.

Дар ҳоле, ки беш аз 10 рӯз аз ин ҳодиса мегузарад, 113 нафари ҳамчунон мафқуд мондаанд. Як шанбеи ҳафтаи ҷорӣ тими ҷустуҷугари ҳозир дар маҳалли ҳодиса амалиёти худро барои ёфтани қурбониёни ин ҳодиса густариш доданд.

Бахше аз ин муҷтамаи апартаментии воқеъ дар Сурф Сойд, наздики савоҳил Майами дар сооти аввалияи 24 июн фурӯ рехт ва ин ҳодисаро ба бор овард. Дар пайи ин ҳодиса Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳолати изтирорӣ дар ин иёлот эълом кард.

Бо вуҷуди пайдо нашудани аҷсоди бештари сокинони ин сохтмон дар рӯзҳои ахир, масъулони Амрико дастури тахриби комили ин биноро содир карданд ва далели онро наздикии тӯфони маҳиби Алсо ва вазъияти хатарноки оворҳо унвон карданд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп