Июл 07, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Давлати Афғонистон: Мавҷудияти тарҳи сулҳи Толибон дуруғ аст

Узви ҳайъати музокиракунандаи сулҳи давлати Афғонистон, мавҷудияти тарҳи сулҳи Толибонро дар ҷиҳати фиреби афкори умумӣ хонд.

Ҳафиз Мансур, узви ҳайъати гуфтугукунандаи сулҳи давлати Афғонистон мегӯяд, Толибон ҳеч тарҳе дар бораи сулҳ надоранд ва иддаое, ки ин гурӯҳ ба тозагӣ дар бораи тарҳи сулҳ ба давлат пешниҳод дода, дуруғ аст.

Ба тозагӣ аъзои аршади Толибон гуфтаанд, ки ин гурӯҳ то моҳи оянда, тарҳи сулҳро ба ҳукумати Афғонистон ироа хоҳад кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп