Ҳушдор дар бораи талоши Ғарб барои табдили Беларус ба Украинаи дигар
Владимир Макей (Vladimirи Makei), вазири хориҷаи Беларус рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Раша Тудей” ҳадафи аслии кишварҳои ғарбӣ дар эъмоли фишорҳо бар давлати Минскро Русия донист, ки ба қудрате ҷаҳонӣ табдил шуда ва ба гуфтаи ӯ барои расидан ба ин ҳадаф онҳо саъй доранд Беларусро ба “Украинаи дигаре” табдил кунанд.
Вай муътақид аст, ки ғарбиҳо сипас қасд доранд ин таҷрибаро дар хусуси Русия ба иҷро дароваранд.
Вазири хориҷаи Беларус таъкид кард: “Ман фикр мекунам ҳадафи касоне, ки алайҳи Беларус даст ба иқдомоти хасмона мезананд, он аст то ин кишварро ба Украинаи дигар табдил кунанд. Ба ҳамин далел ҳар чӣ мегузарад, изҳороти зиддибелорусӣ доғтар мешавад".
Дар воқеъ, дар бурҳаи кунунӣ ҳам ҳадафи ғарбиҳо дар марҳилаи нахуст Беларус нест, балки Русия аст, ки имрӯза дар муқобили чашмони кишварҳои ғарбӣ ба як қудрати тавонманди ҷаҳонӣ табдил шудаву ғарбиҳоро нигарон кардааст.
Ҳушдори ин мақоми аршади Беларус бо тавваҷуҳ ба ташдиди иқдомоти хасмонаи ғарбиҳо, ба вижа Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи Минск дар моҳҳои ахир қобили фаҳм аст. Манзури вазири хориҷаи Беларус аз табдили ин кишвар ба Украинаи дигар ин аст, ки ҳамонанди Украина, ки амалан ба блоки Ғарб ва ҷабҳаи зиддирусӣ пайваста аст, Беларус низ бо тағйири режим ва раиси ҷумҳурии он табдил ба пойгоҳи ҷадиди зидди Русия шавад.
Белорус пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар августи 2020 ва интихоби муҷаддади Александр Лукашенко гирифтори эътирозоти дохилии густардае шудаву мухолифон хоҳони канорагирии вай аз қудрат шуданд.
Бо ин ҳол, ин эътирозот, ки бо ҳимояти густардаи Ғарб ҳамроҳ буда, роҳ ба ҷое набурдааст. Ғарб ҳамвора ба эътирозоти Беларус ба масобеҳи фурсате бебадил барои таҳаққуқи аҳдофи калони худ дар арсаи Аврупои шарқӣ ва алайҳи Русия нагиристааст.
Дар ин росто Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯби барпоии инқилоби рангӣ, ба ҳимоят аз муътаризон пардохта ва акнун раванди мудохилаҷӯии худро бо афзоиши фишорҳои сиёсӣ ва таҳримҳои ҷадид ташдид кардаанд.
Иттиҳоди Аврупо ва Амрико тақрибан ба таври ҳамзамон эълом карданд, ки Александр Лукашенкоро ба унвони раиси ҷумҳурии мунтахаби Беларус ба расмият нашинохтаву борҳо аз наҳваи бархӯрди давлати Беларус бо муътаризон интиқод кардаанд.
Дар муқобил, раиси ҷумҳурии Беларус борҳо аз тавтеаҳои Ғарб алайҳи ин кишвар хабар дода ва онро маҳкум кардааст.
Артём Шрайбман, таҳлилгари сиёсӣ бо ишора ба вазъияти буҳронии равобити Беларус ва Ғарб мегӯяд: Ин як буҳрони бесобиқа аст ва арзёбии он душвор аст. Мусалламан Минск дар саҳнаи байналмилалӣ ҷиддитар хоҳад шуд.
Дар ин росто Лукашенко дар 2 июл дар як гирдиҳамоӣ ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар эълом кард, ки гурӯҳҳои шӯришӣ, ки қасди анҷоми кудаторо дар Беларус доштанд, кашф ва мунҳадим шуданд.
Белорус дар муқобила бо фишорҳои мустамари сиёсӣ, иқтисодӣ ва акнун низомиву амниятии ғарбиҳо, ки бо ҳадафи тазъифи ин кишвар ва Лукашенко сурат мегирад, аз ҳимоятҳои густардаи Русия бархӯрдор аст.
Ҳимояти Маскав аз Беларус дар ростои кумак ба як давлати мухолифи султаи Ғарб ва низ муқобила бо аҳдофи таҳоҷумии ғарбиҳо аст.
Ҳадафи аслии Иттиҳоди Аврупо ва Амрико аз талош барои сарнагунии Лукашенко ин аст, ки бо канор задани ӯ аз саҳнаи қудрат ва рӯйи кор овардани як раиси ҷумҳурии ғарбгаро дар ин кишвари ҳамсояи Русия, Маскав дар марзҳои ғарбии худ бо занҷирае аз давлатҳои ҳаводори Ғарб муҳосира шавад.
Лукашенко муътақид аст, ҳадафи ғарбиҳо қарор додани Беларус дар занҷираи “Вилнюс то Киев” ва эҷоди девори ҳоиле байни Русия ва Ғарб аст.
Изҳороти ахири вазири хориҷаи Беларус далели дигаре бар сиҳҳати ин назар аст, ки ҳадафи аслии ғарбиҳо аз иқдомоти барандозона дар Беларус, сарнагунии раиси ҷумҳурии қонунии ин кишвар ва рӯйи кор омадани ғарбгароён дар Беларус аст то ба ин тартиб “маҳор” ё ҳамон дарбаргирӣ (Containment) –и Русия як гоми дигар ба пеш равад.
Бо ин ҳол, муқовимати шадиди Беларус дар баробари фишорҳои сиёсӣ ва акнун низомиву амниятии Ғарб иҷрои ин сенарияро дар бораи ин кишвари Аврупои шарқӣ, ки мавқеияти вижаи геополитикӣ дорад, бо мавонеи ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Бештар бихонед:
- Ҳушдори Лукашенко: Баъд аз Беларус навбати Русия аст
- Интиқоди Созмони Милали Муттаҳид аз саркӯби муътаризон дар Беларус