Трамп Ҳилларӣ Клинтонро ба ришвадиҳӣ муттаҳам кард
Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, рақиби демократи худро ба пардохти ришва ба додситони кулли ин кишвар муттаҳам кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҳадс, Доналд Трамп рӯзи душанбе дар таҷаммуи интихоботии худ дар Лос-Анджелеси иёлоти Калифорния гуфт, Ҳилларӣ Клинтон ба Лоретта Линч, додситони кулли Амрико ришва пардохт кардааст.
Трамп афзуд: Манобеи наздик ба Ҳилларӣ Клинтон аз тамоюли ӯ ба вогузории дубораи симмати додситонии Амрико ба Лоретта Линч хабар доданд, ки ба мафҳуми ришва додан ба ӯ аст.
Ба гуфтаи номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, моҷарои имейлҳои шахсии Ҳилларӣ Клинтон ҳануз ба поён нарасидааст ва имейли зиёде вуҷуд дорад, ки ҳазф шудааст.
Ҳилларӣ Клинтон низ рӯзи душанбе дар суханронии интихоботии худ дар иёлоти Огайо аз тасмими полиси федерали Амрико “FBI” дар тарҳи масъалаи имейлҳои шахсиаш чанд рӯз монда ба баргузории интихоботи Амрико интиқод кард.
Идораи бозрасӣ ва таҳқиқоти полиси федерали Амрико эълом кардааст, ки парвандаи имейлҳои Ҳилларӣ Клинтонро дубора ба ҷарён хоҳад андохт.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи ҳаштуми ноябр баргузор мешавад.