Ноябр 02, 2016 15:42 Asia/Dushanbe
  • Покистон дипломатҳояшро аз Ҳинд фаро хонд

Давлати Покистон пас аз ихроҷи яке аз дипломатҳои ин кишвар аз Деҳлии нав, дар паи фаро хондани чаҳор дипломати дигари худ аз Ҳинд аст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, давлтаи Покистон пас аз онки давлати Ҳинд яке аз дипломатҳои ин кишвар баноми Маҳмуд Ахтарро ихроҷ кард, тасмим дорад, чаҳор дипломати покистонии узви Комиссияи олии ин кишвар дар Деҳлии навро фаро бихонад.

Маҳмуд Ахтар дипломати ихроҷшудаи покистонӣ эълом кард: Маъмурони полиси Ҳинд ҳангоми бозҷуӣ, листе ба вай доданд ва аз ӯ хостанд, ки эълом кунад, чаҳор дипломати узви Комиссияи олии ин кишвар дар Деҳлии нав вобаста ба ниҳодҳои амниятии Покистон ҳастанд.

Давлати Ҳинд изҳороти Маҳмуд Ахтар мабнӣ бар вобастагии дипломатҳои покистонӣ ба ниҳодҳои амниятии ин кишварро дар расонаҳо мунташир кардааст ва акнун Исломобод нигарони амнияти ҷонии дипломатҳои худ дар Ҳинд аст.

Баъди ихроҷи дипломати покистонӣ аз Деҳлии нав, Вазорати хориҷаи Покистон низ дар иқдоме муовини Комиссари олии Ҳинд дар Исломободро унсури номатлуб муаррифӣ карда ва вайро аз кишвар ихроҷ кард.

Танишҳо байни Ҳинду Покистон пас аз шуруи даргириҳо дар минтақаи Кишмир боло гирифтааст.