Ноябр 02, 2016 16:55 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ салоҳияти раиси ҷумҳурӣ шуданро надорад ва барои фармондеҳии кулли артиши Амрико номуносиб аст.

Ба гузориши Хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Барак Обама рӯзи сешанбе дар нишасте дар иёлти Оҳаё бо интиқод аз мавозеи Доналд Трамп, номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, аз ҳамаи ширкаткунандагон хост, талоши худро ба кор гиранд то Ҳилори Клинтон, номзади демократҳо, раиси ҷумҳурии баъдии Амрико шавад.

Обама гуфт, фақат Ҳилори Клинтон аст, ки зиндагии худро вақфи Амрикои беҳтар хоҳад кард.

Обама чанде пеш низ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии АВС, Доналд Трамп - номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи риёсати ҷумҳуриро номзади мутафовит донист, ки амалкард ва ҷиҳатгирии сиёсии ӯ боиси эҷоди нигаронӣ дар бораи ояндаи Амрико шудааст.

Трамп борҳо ба далели изҳороти мухталиф, аз ҷумла зарурати мамнуъ шудани вуруди мусулмонон ба Амрико ва ё деворкашӣ байни марзи Амрико ва Мексика, бо интиқод мувоҷеҳ шудааст.

Панҷоҳу ҳаштумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико қарор аст ҳаштуми ноябр баргузор шавад.

Назарсанҷиҳо аз рақобати шона ба шонаи ду номзади ин интихобот хабар медиҳанд: