Август 05, 2021 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷавлони коронаии Делта дар Амрико;  100 ҳазор мубтало дар як рӯз

Дар паи ҷавлони гунаи коронаии Делта дар Амрико, ин кишвар болотарин мизони ибтилои рӯзона ба вируси корона дар шаш моҳи гузаштаро бо миёнгини беш аз 100 ҳазор маврид дар рӯз сабт кард .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Райтер, Иёлоти Муттаҳида миёнгини беш аз 94 ҳазору 819 мавридро дар як давраи ҳафтрӯза, ки афзоиши панҷ баробарӣ дар камтар аз як моҳро нишон медиҳад, гузориш кардааст . Миёнгини ҳафтрӯза тасвири дақиқтаре аз суръати афзоиши мавориди коронаро нишон медиҳад, зеро бархе аз иёлатҳо дар Амрико фақат як ё ду бор дар ҳафта мавориди ибтилоро гузориш медиҳанд . Энтони Фоиучи-мутахассиси бемориҳои уфунии Иёлоти Муттаҳида дар рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Дар ҳафтаҳои оянда мавориди ибтило ба далели навъи бисёр сироятноки Делта метавонад ду баробар ва ба 200 ҳазор нафар дар рӯз бирасад .
Бар асоси эъломи марокизи контролу пешгирӣ аз беморӣ дар Амрико, навъи Делта, ки барои аввалин бор дар Ҳинд шиносоӣ шуд, 83 дарсади мавориди ибтилои ҷадиди гузоришшуда дар Иёлоти Муттаҳидаро ташкил медиҳад .
Иёлатҳои ҷанубӣ, ки бархе аз онҳо дорои камтарин мизони ваксиносиун дар Амрико ҳастанд, бештарини мавориди ибтилоу бистарӣ шудан дар бемористонро гузориш медиҳанд . Бар асоси омори Райтер ,Флорида, Техас ва Луизиёно бештарин теъдоди кулли мавориди ҷадидро дар ҳафтаи гузашта гузориш кардаанд .
Бар асоси охирин омор беш аз 36 миллион нафар дар Амрико ба корона мубтало шуданд, ки аз ин теъдод камаш 631 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп