Дидори вазирони дифои Арманистону Русия
Вазирони дифои Арманистону Русия танишҳои марзии нерӯҳои Ереван ва Боку роҳи ҳалли бурунрафт аз ин авзоъро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Ереван, вазорати дифои Арманистон бо эъломи ин хабар афзуд, дар дидори Сергей Шойгу ва Аршак Карапетян, вазирони дифои Русия ва Арманистон дар Маскав ба ғайр аз мавзуоти марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои дифоии ду кишвар масоиле аз қабили ҳифзи оташбас дар минтақаи Қарабоғ низ баррасӣ шуд.
Дар ин дидори Шойгу, вазири дифои Русия бо ишора ба ин ки Арманистон дар минтақаи Қафқоз ҳамкории роҳбурдӣ ва амниятии Русия аст, таъкид кард, барои Маскав ҳифзи амнияти минтақаи Қафқоз аз аҳаммияти бисёр зиёде бархӯрдор аст.
Шойгу афзуд, Маскав дар ҷиҳати ҳифзи сулҳ дар минтақаи Қарабоғ ва ҳали мушкилоти марзии Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон талоши бештаре хоҳад кард.
Дар идома Карапетян низ бо таъкид бар инки ҳамкориҳои низомии Русия ва Арманистон дар ҳоли ҳозир дар болотарин сатҳи худ қарор дорад, гуфт, талошҳои Маскав дар ҷиҳати ҳифзи амният дар минтақаи Қафқоз барои мардуми Арманистон малмус аст ва нерӯҳои ин кишвар на танҳо дар минақаи Қарабоғ, балки дар манотиқи марзии Арманистон машғӯли ҳифзу таҳкими амният ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Кумакхоҳии Арманистон аз Русия барои аломатгузории марз бо ҷумҳурии Озарбойҷон
- Русия: Арманистонро дар масъалаи Қарабоғ фиреб надодаем