Раъйи додгоҳи ҷиноии Қоҳира алайҳи гурӯҳи Ихвонулмуслимин
Додгоҳи ҷиноии Қоҳира таи ҳукме гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва 56 нафари дигарро ба муддати панҷ сол дигар дар феҳристи тероризм қарор дод .
Ба гузориши вебгоҳи Мисралявм, додгоҳи ҷиноии Қоҳира ҳукми шумораи 16 марбут ба соли 2021 дар хусӯси дарҷи номи гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар феҳристи тероризмро содир кард .
Таи ин ҳукм номи гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва 56 нафар ба муддати панҷ сол дар феҳристи тероризм қарор гирифт .
Пештари давлати Миср гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти террористӣ ва хушунатомез гурӯҳи мамнӯъа эълом карда буд.
Дастгоҳи қазоӣ вобаста ба давлати Абдулфаттоҳ Ассисӣ-раиси ҷумҳӯрии Миср дар солҳои ахир бисёре аз аъзои гурӯҳи Ихвонулмуслимини ин кишварро ба иттиҳомҳои беасос ба қатл ва ё зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардааст .
Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар соли 2013 бо як кудатои низомӣ, Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳӯри пешини ин кишварро аз қудрат барканор кард. Ассисӣ дар он замон вазири дифо буд .
Ассисӣ аз замони ба қудрат расиданаш дар Миср дар соли 2014 то кунун дар сояи ҳимояти Ғарб сиёсати саркӯби мухолифонро дар пеш гирифтааст .
Дар моҳҳои ахир бисёре аз ниҳодҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башарӣ нисбат ба амалкарди Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар ҳавзаи озодиҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Миср ҳушдор додаанд .
Созмони афви байналмиллалӣ ахиран дар баёнияе эълом кард: Миср дар даврони раёсати ҷумҳӯрии Абдулфаттоҳ Ассисӣ ба ҳуқуқи башар беэътино аст .