Август 15, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Амрико панҷ ҳазор нерӯии низомӣ ба Афғонистон сафарбар мекунад

Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико бомдоди якшанбе эълом кард, ки бо истиқрори 5 ҳазор нерӯии низомӣ дар Кобул барои осонсозии хурӯҷи шаҳрвандони амрикоӣ аз Афғонистон мувофиқат кардааст .

Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси ҷумҳӯри Амрико дар вокуниш ба пешравии Толибон дар Афғонистон, зимни мувофиқат бо истиқрори 5 ҳазор нерӯии низомӣ дар Кобул, ба онҳо ҳушдор дод, ки эҷоди хатар барои амрикоиҳо посухи низомии фавриву кубандаеро дар пай хоҳад дошт .
Байден таи баёнияе, ки аз иқоматгоҳи  Камп Дейвид барои дифоъ аз тасмимоти худ дар хусӯси Афғонистон содир кард, гуфт: Таи рӯзҳои гузашта дар иртиботи наздике бо тими амнияти миллӣ [ Кохи Сафед ] буда ва ба онҳо дастурҳое барои ҳифозат аз манофеъу арзишҳои худ ҳамзамон бо поёни маъмурияти низомӣ дар Афғонистон додааст

.Толибон дар ҳоле, ки нерӯҳои хориҷӣ пас аз 20 соли ишғоли Афғонистон дар ҳоли хурӯҷ аз ин кишвар ҳастанд, ҳамалоташро барои шикасти давлати Кобул афзоиш додааст .
Дар ҳамин ҳол Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии Афғонистон бадтар шудани вазъияти амниятӣ дар кишварашро вобаста ба тасмими " ногаҳони " хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ эълом кардааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп