Афзоиши хушунатталабӣ дар расонаҳои иҷтимоии Амрико
(last modified Sun, 15 Aug 2021 06:51:45 GMT )
Август 15, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хушунатталабӣ дар расонаҳои иҷтимоии Амрико

Таблиғот дар расонаҳои иҷтимоӣ дар Амрико барои даст задан ба иқдомоти хушунатбор ба шиддат рӯ ба афзоиш аст .

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии CNNон Коэн-раиси бахши иттилооти вазорати амнияти дохилии Амрико гуфт : Фарохонҳо дар расонаҳои иҷтимоии онлайн ҳамонанди пеш аз замони ҳамла ба Конгресс дар рӯзи шашуми январ афзоиш ёфтааст .
Ин мақоми аршади вазорати амнияти дохилии Амрикои афзуд : Лафзбозиҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар расонаҳои иҷтимоӣ бар асоси теориҳое бо мавзӯи тақаллуб дар интихоботи ахир ва дигари тавтеъаҳо анҷом мешавад .
Коэн ҳамчунин изҳор кард : Суханонеро дар ин расонаҳо мушоҳида мекунад, ки дар онҳо таблиғ мешавад ки системаи ҳукуматӣ дучори шикоф шудааст .
Ҳазорон нафар аз тарафдорони Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии собиқи Амрико шашуми январ ба манзури ҷилавгирӣ аз таъӣди натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз сӯии Конгресс  бо хушунат ба бинои Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳамла карданд .
Ҳамлаи тарафдорон Трамп ба Конгресс дар паии интишори паёмҳо ва видеоҳои таҳрикомези раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар шабакаҳои маҷозӣ дасти кам шаш куштаву шуморе маҷрӯҳ бар ҷоӣ гузошт .



Бештар бихонед :