Август 15, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши густариши корона дар Аврупо

Маркази аврупоии контролу пешгирии бемориҳои уфӯнӣ аз афзоиши омори ибтило ба вируси корона дар шашумин ҳафтаи пайдарпай дар Аврупо хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бахшҳои густардае аз кишварҳои Испания, Ирландия, Италияаронса, Юноноланд, Шветсия ва Португалия дар ҳоли ҳозир бо ранги сурх мушаххас шудаанд .
Дар ҳамин ҳол мақомоти беҳдоштии Италия бори дигар дар хусӯси суръати делтакорона дар ин кишвар ба вижа дар миёни навҷавонон ва ҷавонон ҳушдор доданд .
Ин дар ҳоле аст, ки 70 дарсади ҷамъияти Италия ҳаддиақал як дозаи ваксинаро дарёфт кардааст .
Дар паи афзоиши шеби коронаии делта дар Италия  дар бархе аз шаҳрҳои 6 устони ин кишвар маҳдудиятҳои сахтгиронаи коронаӣ бори дигар ба марҳилаи иҷро даромадааст ва ҳар гуна таҷаммуъу баргузории ҷашн дар манотиқи соҳилӣ дар саросари Италия мамнӯъ шудааст .
Дар 48 соъати гузашта наздик ба 15 ҳазор нафар дар Италия ба вируси корона мубтало шудаанд ва шумори ҷонбохтагон 79 нафар эълом шудааст . Вазорати беҳдошти Италия шанбешаб эълом кард аз замони шуюъи Ковид 19 то ба имрӯз маҷмӯи мубталоён ба корона ба 4 миллиону 435 ҳазору 8 нафар расидааст ва шумори кулли қурбониён низ баробар бо 128 ҳазору 413 нафар будааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп