Макрон : Фаронса дар ҳоли музокира бо Толибон аст
Раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард: Порис дар ҳоли музокира бо Толибон дар мавриди хуруҷи бештари афғонҳо аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Эмануэл Макрон-раиси ҷумҳӯри Фаронса, ки ҳамакнун барои ҳузур дар нишасти Бағдод дар Ироқ ба сар мебарад, эълом кард : Музокирот бо Толибон дар мавриди вазъияти инсонӣ дар Афғонистон ва эҳтимоли хурӯҷи бештари афрод аз ин кишвар аст .
Макрон афзуд : Фаронса ҳамчунин дар ҳоли музокира бо Қатар аст, ки чигуна метавонад роҳе барои тахлияи неруҳо аз Афғонистон эҷод кунад, агарчи ҳануз ҳеҷ чиз қатъӣ нест . Суханони Макрон дар ҳоле унвон мешавад, ки давлати Фаронса рӯзи ҷумъа эълом кард, ки амалиёти тахлияи коркунон аз Кобулро мутобиқ бо замонбандии таъиншуда ба поён расондааст, аммо ба кумаки касоне ки барои хурӯҷ аз Афғонистон ниёз ба ҳимоят доранд, идома медиҳад .
Иҷлоси як рӯзаи Бағдод рӯзи гузашта ( шанбе ) бо ҳузури кишварҳои ҳамсояи Ироқ ба истиснои Башор Асад-раиси ҷумҳурии Сурия баргузор шуд.