Ҷумҳӯрихоҳон истеъфои Байденро хостор шуданд
Ҷумҳӯрихоҳони Конгресси Амрико дар хусӯси кушта шудани 13 низомии амрикоӣ дар ҳамлаи террористии Кобул аз Ҷо Байден- раиси ҷумҳурии Амрико хостанд аз мақоми худ канорагирӣ кунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ба нақл аз хабаргузории ИРНА, ҷумҳӯрихоҳони Конгресс ба дунболи ҳамлаи террористӣ дар ҷараёни тахлияи афрод ва неруҳои амрикоӣ аз Кобул, ки ба кушта шудани 13 низомии Амрико ва шаҳодати дастикам 170 шаҳрванди афғон мунҷар шуд, аз Ҷо Байден-раиси ҷумҳурӣ Амрико хостанд аз мақоми худ канорагирӣ кунад .
Бар асоси ин гузориш ҷумҳӯрихоҳон хостори истеъфо, истезоҳ ва ҳатто иҷрои замимаи 25 Қонӯни асосии Амрико ҳастанд .
Дар ҳақиқат бисёре аз ҷумҳӯрихоҳон иқдоми ноуҳдабароёна, номуназзам ва акнун маргбори Байден дар мудирияти амалиёти хурӯҷ аз Афғонистонро як фоҷеъаи сиёсӣ ва низомӣ бузург қаламдод мекунанд, ки мумкин аст ба ҳимоят аз ҷумҳӯрихоҳон дар Конгресс кумак кунад .
Рӯзи панҷшанбе ҳафтаи гузашта дар паи ду инфиҷори марталабона атрофи фурудгоҳи Кобул, ки ДИИШ масъулияти онҳоро пазируфт,13 низомии Амрикоӣ ва даҳҳо нафари дигар кушта шуданд .
Суҳайл Шоҳин-сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар бо ишора ба зарбулаҷали ин гурӯҳ барои хурӯҷи неруҳои хориҷӣ то 31 август таъкид кард, ки таъхир дар хурӯҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон барои Иёлоти Муттаҳида пайомадҳое хоҳад дошт ва таърихи таъиншуда, хати сурхи Толибон аст .
Бештар бихонед :