Кохи Сафед эълом кард: Таваққуфи интиқоли афғонҳо ба Амрико
Сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, интиқоли афғонҳо ба Амрико ба иллати шиносоии чаҳор мавриди сурхак мутаваққиф шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҷен Саки, сухангӯи Кохи Сафед дар бораи иллати таваққуфи интиқоли афғонҳо ба Амрико изҳор кард, парвозҳо ба далели шиносоии чаҳор мавриди сурхак дар байни афғонҳое, ки ахиран вориди Амрико шуданд, ба дархости Маркази кантрол ва пешгирӣ ба сӯрати муваққат мутаваққиф шудааст.
Вай тасреҳ кард, ин афрод карантина шуданд ва бар асоси дастӯруламали саломати умумӣ, Маркази кантрол ва пешгирӣ дар ҳоли баррасии мавзӯ аст.
Ҷен Саки афзуд, ҳамаи афғонҳое, ки ворид мешаванд бояд ба унвони шарти вуруд ба Амрико воксани сурхак дарёфт кунанд.
Ба гуфтаи Рон Клейн, раиси коркунони Кохи Сафед, 124 ҳазор шаҳрванди амрикоӣ, афғонистонӣ ва кишварҳои дигар дар амалиёти тахлияи нерӯҳо аз Афғонистон то муҳлати 31 август хориҷ шуданд.
Бештар бихонед: