Корфармоёни 4 шаҳри Русия муҳоҷирони тоҷикро интизоранд
(last modified Sun, 19 Sep 2021 07:28:18 GMT )
Сентябр 19, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Корфармоёни 4 шаҳри Русия муҳоҷирони тоҷикро интизоранд

Корхонаҳои шаҳрҳои Хабаровск, Владивосток, Уляновск ва Краснодари Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ба кор даъват мекунанд.

Бино ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо такя ба як манбаи хабарии Осиёи Марказӣ،

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар медиҳад, ин корхонаҳо ба шахсони синни аз 22 то 50-солаи дорои касбҳои хиштчин, барқчӣ, челонгар (сантехник), рангуборчӣ ва сангчин ниёз доранд.
Гуфта мешавад, тамоми хароҷоти вобаста ба роҳкиро, омода намудани ҳуҷҷатҳои корӣ, ҷои зист ва хӯрок аз ҳисоби кордиҳанда таъмин карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба онҳо пардохти музди меҳанти шоистаи аз 45 то 70 ҳазор рубл кафолат дода мешавад.
Хоҳишмандон то 25 сентябр ба суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ё тариқи телефонҳои 225 02 21 ва 919 32 01 33 муроҷиат карда метавонанд.