Октябр 10, 2021 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ дар Нигерия

Дар паи ҳамлаи теъдоде аз аносури гуруҳҳои мусаллаҳ ба бозоре дар шимолу ғарби Нигерия дастикам 20 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Райтер, мақомҳои Нигерия эълом карданд дар ҳамлаи террористӣ ба бозоре дар иёлати « Сокото » воқеъ дар шимолу ғарбии ин кишвар ва оташ задани чанд автомобил дастикам 20 нафар кушта шуданд .

Тибқи ин гузориш шимолу ғарби Нигерия аз моҳи декабр то кунун шоҳиди мавҷе аз иқдомоти террористӣ ва одамрабоӣ барои гирифтани боҷ будааст .
Дар ҳамин росто Идрис Гобир-мушовири вижаи вазири умӯри полиси Сокото дар бораи ҳодисаи рӯзи шанбе эълом кард  террористҳои мусаллаҳ савор бар мотосикл дар ҳоле кӣ ба сурати пароканда тирандозӣ мекарданд, чандин нафарро ба қатл расонданд .
Гобир афзуд: Дар паи ин ҳамлаи террористӣ то кунун 20 нафар кушта ва 9 худрав ба оташ кашида шуд.

Бахшҳое аз Сокото монанди дигар иёлатҳои ҳамсоя дар шимолу ғарби Нигерия  дар чорчуби амалиёти амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти бондҳои мусаллаҳ, таҳти муҳосираи мухобиротӣ қарор доранд .
Рӯзи панҷшанбе низ маъмурони амниятӣ 187 нафарро, ки тавассути гуруҳҳои мусаллаҳ рабуда шуда буданд, дар иёлати Зимфра наҷот доданд .